Баррасии тағйирот ба Қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» аз рӯзнома хориҷ шуд

Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров барасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» аз рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми парлумон хориҷ карда шуд. Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, тағйироту илова ба қонуни зикршуда аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шудаанд ва сабаби аз рӯзномаи ҷаласаи имрӯза хориҷ кардани […]

Аваз Юлдошев


Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров барасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» аз рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми парлумон хориҷ карда шуд.

Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, тағйироту илова ба қонуни зикршуда аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шудаанд ва сабаби аз рӯзномаи ҷаласаи имрӯза хориҷ кардани онҳо ин аст, ки дар остонаи иҷлосияи имрӯза аз ҷониби сарвари давлат боз пешниҳодҳои иловагӣ ироа гардидаанд ва кумитаву комиссияҳои дахлдори парлумон ба баррасии онҳо фурсат надоштаанд.

«Тағйироти аз ҷониби сарвари давлат пешниҳодшуда ҷиддӣ буда, ба сохтори воҳиди масъул бо мубориза алайҳи терроризм, аз ҷумла терроризми сиёсӣ марбутанд ва онро мебояд дар кумитаи марбутаи парлумон баррасӣ намуда, бо таҳиягарони қонун мувофиқа сохт ва сипас ба баррасии Шӯро пешниҳод кард», – гуфт ӯ.

Ш.Зуҳуров ҳамчунин изҳор кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур пас аз гузаштани тартиботи зарурӣ ва баррасии ҳамаҷониба тахминан рӯзи 20-уми июни соли равон ба рӯзномаи иҷлосияи паррлумон ворид хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.