Тағйироти навбатӣ ба буҷети давлатии соли 2012

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум вакилон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба буҷети давлатии соли 2012-ро якдилона маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки мутобиқи тасҳеҳоти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ зимни ба Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум вакилон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба буҷети давлатии соли 2012-ро якдилона маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки мутобиқи тасҳеҳоти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ зимни ба Тоҷикистон ворид кардани як миқдор аслиҳаву муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёти автомобилӣ ва чархболҳо аз андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз парлумон ҳамчунин дархост мекунад, ки воридоти ду дастгоҳи томографии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Ин дастгоҳҳо бо арзиши беш аз 5 млн. сомонӣ дар беморхонахои шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа насб карда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми маблағҳои аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда оид ба масоили дар боло зикршуда 1,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Ғайр аз ин, дархост карда мешавад, ки воридоти 1 млн. телефонҳои хонагӣ ба ҷумҳурӣ бо арзиши умумии 66 млн. сомонӣ, ки дар манзилҳои зиёда аз 250 ҳазор нафар қишри камбизоати аҳолӣ насб карда мешаванд, низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд», – гуфт вазир. С.Наҷмиддинов таъкид кард, ки насби телефонҳо ройгон сурат гирифта, ҳаҷми маблағҳои аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда аз рӯйи ин масъала ба 15,9 млн. сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Дар робита ба ин масъала вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов гуфт, дар таҷрибаи кори вакилиаш бори нахуст аст, ки ҳукумат воридоти маҳсулоту таҷҳизотро аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда, ба нафъи қишри камбизоати аҳолӣ истифода мекунад.

Номбурда таъкид кард, ки тақсимоти дастгоҳҳои телефони хонагӣ ба аҳолӣ ва фурӯши миқдори боқимондаи онҳо (750 ҳазор адад) бояд таҳти назорати қатъии Вазорати молия қарор дошта бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.