Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба Малайзия рафт

Шоми дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) ба Малайзия сафар кард. Шаҳри Малаккаи ин кишвар зимни мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «С» қароргоҳи футболбозони ҷавони тоҷик хоҳад шуд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё (U-22), ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия доир мегардад, футболбозони тоҷик […]


Шоми дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) ба Малайзия сафар кард. Шаҳри Малаккаи ин кишвар зимни мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «С» қароргоҳи футболбозони ҷавони тоҷик хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё (U-22), ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия доир мегардад, футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозии аввалин бо дастаи Баҳрайн – 23-юми июн доир гардида, бозиҳои дигар ба дастаҳои Малдива – 25-уми июн, бо Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22):


Дарвозабонҳо:

Фаррух Бердиев («Парвоз»), Мӯъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»);


Ҳимоятгарон:

Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов (ҳарду – «Вахш»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Дилшод Сафармамадов, Фурӯғ Қодиров (ҳарду – ССКА «Помир»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»);


Нимҳимоятгарон:

Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров (ҳама – «Вахш»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷони Юнусзода (ҳарду – ССКА «Помир»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Қурбоналӣ Собиров («Зарафшон»);


Ҳамлагарон:

Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Гвардия»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»).

Сармураббии даста мутахассиси босниягӣ Камол Алиспахич аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.