Баррасии масоили таъмини амнияти марзҳо дар гуфтугӯи телефонии Э.Раҳмон ва Ҳ.Карзай

Рӯзи якшанбе, 5-уми август, сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай оид ба масоили таъмини амнияти марзҳои миёни ҳарду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Бино ба иттилои хабаргузории «Афганистан.ру» бо такя ба хадамоти матбуотии президенти Афғонистон, дар ҷараёни суҳбат сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон дар бораи таъмини муштараки амнияти марзҳо ва ҳамкории дарозмуҳлат дар […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи якшанбе, 5-уми август, сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай оид ба масоили таъмини амнияти марзҳои миёни ҳарду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Афганистан.ру» бо такя ба хадамоти матбуотии президенти Афғонистон, дар ҷараёни суҳбат сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон дар бораи таъмини муштараки амнияти марзҳо ва ҳамкории дарозмуҳлат дар соҳаҳои гуногун мувофиқа ҳосил кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли равон ҳукуматдорони Тоҷикистон зимни баргузор намудани амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ марз бо Афғонистонро баста буданд. Ҳамчунин ахири ҳамин моҳ як ҳайати воломақоми мақомоти амнияти Афғонистон аз Тоҷикистон боздид карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Афғонистон, чанде қабл президенти Афғонистон Ҳомид Карзай истеъфои вазири мудофиаи кишвар Абдул Раҳим Вардак ва вазири корҳои дохилӣ Бисмиллоҳ Муҳаммадиро пазируфт. Ин истеъфоҳо дар пайи норозигии вазъ дар марз бо Покистон ва қатли як зумра мансабдорони воломақом қабул шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.