Амалиёти махсуси «Кӯдакон»-и РБДА дар Душанбе

Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз 25-уми август то 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Кӯдакон»-ро доир менамояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА РКД-и пойтахт подполковник Шерафган Латифов хабар дод, амалиёт дар робита ба оғози соли хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад. «Дар доираи амалиёт кормандони БДА то 1-уми сентябр […]

Аваз Юлдошев


Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз 25-уми август то 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Кӯдакон»-ро доир менамояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА РКД-и пойтахт подполковник Шерафган Латифов хабар дод, амалиёт дар робита ба оғози соли хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад.

«Дар доираи амалиёт кормандони БДА то 1-уми сентябр кӯчаву гузаргоҳҳои назди мактабҳоро аз назар гузаронида, дар сурати зарурат дар онҳо аломатҳои махсуси иловагӣ насб мекунанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 1-уми сентябр кормандони БДА бо толибилмон дар мактабҳо мулоқот ороста, ба онҳо қоидаҳои асосии бехтарии ҳаракат дар роҳро шарҳ медиҳанд.

Бино ба маълумоти ШБДА РКД-и пойтахт, аз оғози соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе 58 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо ҳузури ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар кӯдакон ҳалок ва 56 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.