Варзишгари тоҷик ба Бозиҳои параолимпии Лондон рафт

Дар Бозиҳои параолимпии Лондон Тоҷикистонро як нафар варзишгар – Парвиз Одинаеви 30-сола дар навъи варзиши пауэрлифтинг намояндагӣ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқоти интихобӣ дар Дубай оид ба пауэрлифтинг Парвиз Одинаев зинаи дуюмро ишғол намуда, дар рейтинги ҷаҳонӣ то зинаи чорум боло рафт ва роҳхат ба Бозиҳои […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Бозиҳои параолимпии Лондон Тоҷикистонро як нафар варзишгар – Парвиз Одинаеви 30-сола дар навъи варзиши пауэрлифтинг намояндагӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқоти интихобӣ дар Дубай оид ба пауэрлифтинг Парвиз Одинаев зинаи дуюмро ишғол намуда, дар рейтинги ҷаҳонӣ то зинаи чорум боло рафт ва роҳхат ба Бозиҳои параолимпиро дарёфт кард.

Бозиҳои параолимпӣ дар Лондон аз 29-уми август то 9-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар бозиҳои мазкур барои ба даст овардани медалҳо дар 20 навъи варзиш қувваозмоиҳо сурат мегиранд.

Шоми дирӯз ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки ба ҷуз Парвиз Одинаев, аз мураббиву намояндагони мақомоти раҳбарии Кумитаи параолимпии ҷумҳурӣ иборат аст, тавассути хатсайри Душанбе-Киев-Лондон озими пойтахти Британияи Кабир шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.