Боздошти ду зоири пиёдаи тоҷик дар Арабистони Саъудӣ

Ду зоири пиёдаи тоҷик ба иллати надоштани раводиди кишвари дахлдор дар марзи миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саъудӣ боздошт шуданд. Тавре ба islamnews.tj сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, сафорати Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон ба ин зоирин раводид надодааст ва яке аз шартҳои кишвар он аст, ки зойирин бояд […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Ду зоири пиёдаи тоҷик ба иллати надоштани раводиди кишвари дахлдор дар марзи миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саъудӣ боздошт шуданд.

Тавре ба islamnews.tj сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, сафорати Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон ба ин зоирин раводид надодааст ва яке аз шартҳои кишвар он аст, ки зойирин бояд бо гурӯҳҳо тавассути ҳавопаймоҳо ба ҳаҷ оянд.

«Мо огаҳем, ки як гурӯҳ зойирин пиёда сафари ҳаҷро ихтиёр намуда, чанде аз онҳо аз ними роҳ баргаштанд ва баъзе бо ҳавопаймо ба Арабистони Саъудӣ расиданд. Танҳо ду нафари онҳо то Аморати Муттаҳидаи Араб расида, дигар кишварҳоеро, ки убур кардаанд, расводид доштаанд, вале гумон кардаанд, ки раводиди Арабистони Саъудиро дар худи ҳамин кишвар медиҳанд, вале мутаассифона, мушкилоти раводиди онҳо то ҳол ҳал нашудааст», – гуфт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ин қазияро пайгирӣ дошта, дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.


Акс аз радиои «Озодӣ»

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.