Сафари ҳайати мақомоти расмии дини ҷумҳурӣ ба Русия

Як ҳайати мақомоти расмии дини ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷиҳати вохӯриву мулоқот бо муҳоҷирини кории тоҷик ба Русия раҳсипор шуд. Тавре ба islamnews.tj як манбаъ аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар дод, сафари ин ҳайат то 17-уми октябр идома ёфта, онҳо аз шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Қазон боздид мекунанд. […]


Як ҳайати мақомоти расмии дини ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷиҳати вохӯриву мулоқот бо муҳоҷирини кории тоҷик ба Русия раҳсипор шуд.

Тавре ба islamnews.tj як манбаъ аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар дод, сафари ин ҳайат то 17-уми октябр идома ёфта, онҳо аз шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Қазон боздид мекунанд. Аммо манбаъ барномаи сафари ҳайатро мушаххас нагуфт.

« Омӯзишу расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик, бахусус муҳити маънавии онҳо яке аз ҳадафҳои аслии сафар маҳсуб меёбад», – изҳор дошт ҳамсуҳбат.

Дар Тоҷикистон фаъол шудани муборизаи сиёсӣ баҳри мавқеи мусбат пайдо кардан миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки тибқи баъзе маълумот ба 2,5 млн. нафар наздик мешавад, ба мушоҳида мерасад.

Қобили зикр аст, ки қаблан руҳониёни маъруфи кишвар бародарон Тӯраҷонзодаҳо, намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва якчанд ҳайатҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ ба манотиқи гуногуни Русия сафар намуда, бо муҳоҷирон мулоқоту вохӯриҳо доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.