ИМА ҷиҳати дастгирии тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон 9,5 млн. $ ҷудо мекунад

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва Рустам Назаров, директори   Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба наздикӣ созишномаи дуҷонибаро ба имзо расониданд,  ки мувофиқи он ҳукумати ИМА 9.5 миллион доллари амрикоиро барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо, ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон […]


Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва Рустам Назаров, директори   Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба наздикӣ созишномаи дуҷонибаро ба имзо расониданд,  ки мувофиқи он ҳукумати ИМА 9.5 миллион доллари амрикоиро барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо, ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия дар Тоҷикистон ҷудо менамояд.

 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, кӯмаки молиявии Ҳукумати ИМА барои пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии амвол ва одамон тавассути марзҳои Тоҷикистон  ва дастгирӣ намудани  барномаи фарогири  ислоҳоти соҳаи милитсия  бо ташкил додани гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ва баргузор намудани омӯзиш барои  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешавад.  Қисми ин маблағ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои сайқал додани маҳорати мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқ равона карда мешавад. 

Ҳукумати ИМА маблағи иловагии 1 миллион доллари захираи ташаббусҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CACI) бо мақсади  дастгирӣ намудани имкониятҳои  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ҳангоми гузаронидани тафтишот ва ҳабси нашъаҷаллобон  ҷудо хоҳад кард.  Маблағи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва воҳидхои мансуб ба CACI дар Ҷумҳурии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя кӯмак мекунад.  Дар чаҳорчӯбаи ин барнома,  Ҳукумати ИМА бунёди инфрасохтор , таъмини таҷҳизот ва кӯмакҳои техникӣ, баргузор намудани омӯзишҳо  пешбинӣ шуда, фаъолияти АНМН ва  воҳидҳои махсуси онро дастгирӣ мекунад. 

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки  дар оянда кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома диҳад.  Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасонрасон, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисод, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди маводи мухадирро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд,  зиёда аз 984 млн долларро  ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.