Лату кӯби сухангӯи Хадамоти гумрук дар пойтахт

Дар маҳаллаи 103-юми пойтахт сухангӯи Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умаров мавриди лату кӯби афроди ношнос қарор гирифт. Мақсади лат кӯб ва шахсияти ин афрод ҳанӯз маълум нест. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти мазкур Нурулло Шарифов хабар дод, ба А.Умаров шоми рӯзи 27-уми феврал аснои бозгашташ аз кор ба хона ҳамла сурат гирифта, […]

ASIA-Plus


Дар маҳаллаи 103-юми пойтахт сухангӯи Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умаров мавриди лату кӯби афроди ношнос қарор гирифт. Мақсади лат кӯб ва шахсияти ин афрод ҳанӯз маълум нест.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти мазкур Нурулло Шарифов хабар дод, ба А.Умаров шоми рӯзи 27-уми феврал аснои бозгашташ аз кор ба хона ҳамла сурат гирифта, худи ҳамон рӯз ӯ ба беморхона мунтақил шудааст.

«Айни замон ӯ дар госпитали ВКД бистарӣ буда, ҳарчанд дар ҷисму рӯяш осори лату кӯб аён бошад ҳам, вале ӯ худро хуб ҳис мекунад. Табибон мегӯянд, ки аллакай рӯзи шанбе ӯро рухсатӣ медиҳанд», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, мақсадҳои ин амал ба касе маълум нест, вале дар ВКД аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад. «Худи Умаров изҳор кард, ки ба ӯ якчанд нафар мардон ҳамла оварда, пас аз лату кӯб дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд ва ӯ бо ин шасхон шинос набуда, аз сабабҳои ҳуҷуми онҳо низ огаҳие надорад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.