Ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Нимсолаи аввали соли равон беш аз 298 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3% ё худ 45,6 ҳазор тонна камтар аст. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра гандум ба ҷумҳурӣ асосан […]

Пайрав Чоршанбиев


Нимсолаи аввали соли равон беш аз 298 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3% ё худ 45,6 ҳазор тонна камтар аст.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра гандум ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон бо нархи 355 доллари ИМА барои 1 тонна оварда шудааст.

Коҳиши ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳуриро Тағоймуродов ба мавҷудияти захираҳои кофӣ ва афзоиши истеҳсоли зироати ғалладона дар дохили ҷумҳурӣ марбут медонад.

«Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки дар маҷмӯъ нархи аксари маҳсулот, аз ҷумла гандуму орд ва маҳсулоти нафтӣ дар бозори мо, пеш аз ҳама ба тағийри нарх дар кишварҳои истеҳсолкунанда, болоравии арзиши хизматгузориҳои нақлиётӣ, номунтазамии таъминот ва ҳамчунин хусусияти мавсимӣ доштани нархгузорӣ ба баъзе навъҳои маҳсулот вобастаанд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, тайи 6 моҳи соли равон ба воридоти гандум ба Тоҷикистон 56 субъекти хоҷагидорӣ (90,6%) ва чанде аз соҳибкорони инфиродӣ (9,4%) машғул будаанд.

«Аз ин миқдор Агентии давлатии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ – 10%, ҶДММ «Магнолия» (Хуҷанд) – 9,35%, ҶДММ «Ансор-2012» (ноҳияи Спитамен) – 7,3%, ҶДММ «Мирас (Хуҷанд) – 8,09%-и гандумро ба кишвар ворид намуда, миқдори боқимонда ба ширкатҳои дигар мансуб аст», – зикр кард Тағоймуродов.

Бино ба маълумоти Агентии зиддиинҳисорӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ як халта орди 50-килогии истеҳсоли Қазоқистон дар бозорҳои шаҳри Душанбе 140-150 сомонӣ, Хуҷанд – 138-140 сомонӣ ва Қӯрғонтеппа – 145-150 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд. Дар ин давра 50 кило орди истеҳсоли ватанӣ ба ҳисоби миёна 145 сомонӣ арзиш дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.