Мусофирони терминали «Маром» аз сифати кори масъулини он розӣ нестанд (садо)

Аз терминали мусофиркашонии «Маром»  ашхосе, ки аз пойтахти кишвар  ба вилояти Суғд сафар доранд, дар чаҳор фасли сол истифода мебаранд. Аммо мусофирон аз шеваи корбарии масъулини ин терминал чандон розӣ нестанд. Таҳмина Абдуқаюмова, сокини деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент, ки барои аёдати хоҳараш ба шаҳри Душанбе омадааст,  шароит ва вазъи хизматрасонии кормандони терминали «Маром»-ро  манфӣ арзёбӣ […]

Фараҳбахши Сино


Аз терминали мусофиркашонии «Маром»  ашхосе, ки аз пойтахти кишвар  ба вилояти Суғд сафар доранд, дар чаҳор фасли сол истифода мебаранд. Аммо мусофирон аз шеваи корбарии масъулини ин терминал чандон розӣ нестанд.



Таҳмина Абдуқаюмова, сокини деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент, ки барои аёдати хоҳараш ба шаҳри Душанбе омадааст,  шароит ва вазъи хизматрасонии кормандони терминали «Маром»-ро  манфӣ арзёбӣ намуда, афзуд: «Дар ин терминал ягон ҷой барои нишастан мувофиқ нест. Ҳама ҷой ифлос. Нархи роҳкиро ба самти Панҷакент аз 100 то 120 сомониро ташкил медиҳад, ки ин барои мардум хеле гарон аст. Бештар ин амал ба буҷаи донишҷӯён таъсири манфӣ мерасонад. Бояд масъулин ва кормандони терминал аз паи ислоҳи ин камбудӣ шаванд».

Фирдавс Икромов, сокини шаҳри Душанбе, бо пуштибонӣ аз андешаҳои Таҳмина Абдуқаюмова  гуфт: « Дар ҳамин рӯзҳои тобистон мусофирон то ба ҳаракат даромадани мошини кирошуда, аз гармии тоқатфарсо азият мекашанд. Барои дамгирӣ ҷойи мусоид нест. Роҳкирои хатсайри Душанбе –Кӯлоб назар ба нархи роҳкирои Душанбе – Панҷакент якуним баробар камтар аст. Ҳол он ки масофаи ин роҳҳо он қадар фарқ надорад. Илова бар ин,  дар аксари мошинҳо меъёре, ки пешбинӣ шудааст, риоя намешавад. Дар як мошин ба ҷойи чаҳор нафар аз 7 то 9 нафарро савор мекунанд. Ҳатто онҳо моҳи шарифи Рамазонро ба инобат намегиранд, зеро аксари мусофирон мусулмонанду фазилати ин моҳи саидро ба ҷо меоранд. Гармии тоқатфарсо онҳоро бештар азият медиҳад. Оё кори масъулин ва кормандони терминал танҳо пул ҷамъ кардан аст?».

Анварбек Раҳматов, назоратчии техникии терминали мусофиркашонии «Маром» андешаҳои ироашударо рад кард. Мувофиқи гуфтаи ӯ терминал ба меъёри талабот ҷавобгӯ мебошад. «Ронандагони терминал, ки нуфузашон аз 60 то беш нест, ҳамарӯза  аз рӯйи 6 хатсайр ба мусофирон хидмат мекунанд. Нархи роҳкиро низ чандон қиммат нест. Роҳкиро аз Душанбе ба самти ноҳияи Айнӣ аз 40 то 50 сомонӣ,  Панҷакент  аз 80 то 100 сомонӣ, Истаравшан аз 70 то 80 сомонӣ, Хуҷанд, Исфара ва Қайроқум 90 – 110 сомонӣ барои як нафар муқаррар карда шудааст».

Ба гуфтаи ӯ, дар терминал ҳам барои ронандаҳо ва ҳам барои мусофирон шароити хуби истироҳат фароҳам оварда шудааст ва мусофирон ва ронандаҳо аз тарзи корбарии кормандони терминал розӣ ҳастанд.

Раҳмон Ахмедов, ронандаи терминали мусофиркашонии «Маром, ки  бо мусофиркашонӣ маош гирад, аз раванди фаъолияти масъулини терминали мусофиркашонии «Маром» изҳори қаноатмандӣ кард. «Сатҳи хизматрасонӣ дар терминали мо хеле хуб аст. Роҳкиро барои як нафар мусофире, ки аз Душанбе ба Панҷакент меравад, аз 80 то 100 сомонӣ мебошад», – гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.