«Барқи тоҷик»: Воҳиди навтаъсис аллакай самаранокиашро зоҳир сохт

Раёсати нави фурӯши барқ (Тоҷикэнергосбыт), ки аввали моҳи июл дар ҳайаати ширкати «Барқи тоҷик» таъсис дода шуд, пурсамар ба фаъолияти худ оғоз бахшид. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо моҳи июли соли ҷорӣ раёсат аз истеъмолгарон 57 млн. 500 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқ ҷамъоварӣ […]

Аваз Юлдошев


Раёсати нави фурӯши барқ (Тоҷикэнергосбыт), ки аввали моҳи июл дар ҳайаати ширкати «Барқи тоҷик» таъсис дода шуд, пурсамар ба фаъолияти худ оғоз бахшид.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо моҳи июли соли ҷорӣ раёсат аз истеъмолгарон 57 млн. 500 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқ ҷамъоварӣ намудааст, ки аз нишондиҳандаи моҳи июн 16 млн. 500 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.

«Дар баробари ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ, раёсат ба корҳои шарҳу таблиғотӣ миёни истеъмолгарон оид ба пардохти нерӯи барқи истифодашуда низ вусъат мебахшад», – зикр кард Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарии раёсати нав ба зиммаи Амонулло Саъдуллоев, собиқ роҳбари «Тоҷикэнергоснаб» вогузор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки раёсати фурӯши барқ қаблан низ вуҷуд дошт, вале соли 2010 барҳам дода шуда, акнун дар доираи бозсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» дубора ба фаъолият шурӯъ намуд.

«Раёсати фурӯши барқ бо ҳамаи истеъмолгарон, аз ҷумла қарздорон низ  оид ба масъалаи пардохти маблағи пулӣ барои истифодаи барқ сарукор дошта, ҷамъоварии маблағи истеъмолгарони хориҷӣ, яъне нерӯи барқи ба хориҷи кишвар содиршаванда дар салоҳияти онҳо нест», – таъкид дошт Ёдгорӣ.

Бино ба маълумоти васоити ахбор умуми Тоҷикистон, Амонулло Саъдуллоев бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода (Ҳасан Саъдуллоев) аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.