Шикояти наздикони ғарқшудагон аз кори ғайриқаноатбахши наҷотдиҳандагон

Муддати се рӯз аст, ки ҷасади ҷавони 18-солаи дар кӯли Варзоб ғарқшударо пайдо карда наметавонанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодисаи фоҷеабор хабар доданд, Абдурашид Абдуллоев рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар ин кӯл ғарқ шудааст, вале маъмурияти кӯл дар ихтиёри худ ҳатто қаиқе надорад, ки ба ҷустуҷӯ машғул гардад. «Муддати се рӯз аст, […]

Меҳрангез Турсунзода


Муддати се рӯз аст, ки ҷасади ҷавони 18-солаи дар кӯли Варзоб ғарқшударо пайдо карда наметавонанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодисаи фоҷеабор хабар доданд, Абдурашид Абдуллоев рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар ин кӯл ғарқ шудааст, вале маъмурияти кӯл дар ихтиёри худ ҳатто қаиқе надорад, ки ба ҷустуҷӯ машғул гардад.

«Муддати се рӯз аст, ки маъмурияти кӯл ба партоби оби кӯл ва холӣ кардани он баҳри дарёфти ҷасад розӣ намешавад», – зикр кардан наздикони ҷавони ғарқшуда.

Ба қавли онҳо, кори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) низ қаноатбахш нест ва ҳатто тӯр барои ҷустуҷӯи ҷасадро низ худи онҳо овардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба ин монанд ҳодиса дар дарёи Ромит низ рух дода, дар он шоми 31-уми июл Маҳина Бобомуродоваи 9-сола ғарқ шудааст. Ба ин ҳодиса КҲФ соати 12-и рӯзи дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба иттилои наздикони ғарқшуда, наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса омада, ба пурсуҷӯи шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла як кӯдаки хурдсол низ пардохта, ба ҷустуҷӯ оғоз накардаанд. Ҷасади кӯдак то ҳанӯз дарёфт нашудааст.

«Онҳо пурсиданд, ки шояд Маҳинаро касе ба дарё тела дода бошад? Ваъда доданд, ки ба дарё тӯр мегузоранд, вале ин корро то ҳол накардаанд», – гуфтанд наздикони Маҳина.

Ба қавли онҳо, шоми ҳамон рӯз падари Маҳина аз муҳоҷирати корӣ аз Русия омада, айни замон ҳамроҳ бо хешовандон ба ҷустуҷӯи ҷасади Маҳина машғул аст.

«Дар деҳаҳо мардон каманд, ҳамаи онҳо ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Ҷавонон, толибилмони мактабҳо ҳастанд, вале онҳо чӣ кӯмаке карда метавонанд», – мегӯянд хешовандон.

Дар ҳамин ҳол, корманди маркази матбуоти КҲФ Наргис Нурова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар кӯли Варзоб чор гурӯҳи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ фаъолият доранд. «Он ҷо 14 гектар қитъаи замин буда, чуқурии кӯл 8 метр аст. Мо ният дорем, ки оби кӯлро партоб намоем», – иброз дошт ӯ.

Дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар дарёи Ромит ӯ зикр кард, ки аз рӯзи рух додани ҳодиса кормандони маркази наҷотдиҳии Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд. «Маҷрои дарё хеле тез буда, барои ворид шудан ба он иҷозат нест, вале кормандони мо дар ҳамдастӣ бо сокинони деҳа ҷасади духтарчаро ҷустуҷӯ доранд. Барои дарёфти ҷасад то соати 11-и имрӯз шояд оби канали «Роҳатӣ»-ро бубанданд», – гуфт Нурова. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.