Ҷаласаи ҷашнии ТРАСЕКА дар Душанбе

Рӯзҳои 17-18-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 10-уми ҷашнии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) доир мегардад. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҶТ, ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2023» низ дар назар аст. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 17-18-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 10-уми ҷашнии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҶТ, ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2023» низ дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, ахири моҳи гузашта дар ҷаласаи кумитаи тадорукот корҳои омодагӣ ба баргузориии ин конфронс баррасӣ шуданд. Дар кори ҷаласаи ҷашнӣ масоили робитаҳои нақлиётии Авруосиё, ҳамлу нақли автомобилӣ миёни Осиёву Аврупо ва Шарқи Наздик тавассути минтақаи Осиё Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Барномаи ТРАСЕКА дар конфронси Брюссел 3-юми майи соли 1993 тахия гардид. Дар он вазирони нақлиёти 8 давлат, 5 давлати Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва 3 давлати минтақаи Қафқоз (Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон) иштирок доштанд. Дар конфронс оид ба ҷорӣ кардани барномаи кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои рушди роҳи нақлиётӣ ба самти Ғарб – Шарқ, аз Аврупо бо убури Баҳри Сиёҳ ва Каспий бо хурӯҷ ба Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешавад созишнома ба имзо расид.

Соли 1996 ба Барномаи ТРАСЕКА Украина, Муғулистон ва сипас Молодова, соли 2002 Булғористон, Руминия ва Туркистон қабул карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.