Фестивали дуюми автомобилҳои коллексионӣ дар Душанбе

Фестивали дуюми автомобилҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми сентябр гузаронида мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори дар ин робита ба имзорасидаи раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр мегардад, ки бо дастгирии ташаббуси дӯстдорон ва соҳибмулкони ретро-автомобилҳои шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли равон аз соати 9:00 то соати 12:00 дар шаҳри […]

ASIA-Plus


Фестивали дуюми автомобилҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми сентябр гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори дар ин робита ба имзорасидаи раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр мегардад, ки бо дастгирии ташаббуси дӯстдорон ва соҳибмулкони ретро-автомобилҳои шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли равон аз соати 9:00 то соати 12:00 дар шаҳри Душанбе дуюмин фестивали автомобилҳои коллексионӣ дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ баргузор ва паради автомобилҳои коллексионӣ дар самти кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш гузаронида мешавад.

«Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани фестивал ва паради автомобилҳои коллексионӣ таъмин намояд», – гуфта мешавад дар қарор.

Ёдрас мекунем, ки 21-уми апрел дар Душанбе фестивали нахустини автомобилҳои қадима «Авто ретро Душанбе» доир гардида буд. Созмондиҳандагони фестивал изҳор намуда буданд, ки аз ин чорабинӣ ҳудуди 10 ҳазор нафар боздид намуда, шумори умумии автомбил ва дучарха (мотосикл)-ҳо беш аз 100 ададро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.