Хӯроки шом ихтилофи назар дар G-20 оид ба масъалаи Сурияро возеҳ намуд

Зимни хӯроки шоми сарони кишварҳои узви Гурӯҳи-20 маъруф бо номи G-20 дар Санкт-Петербург ихтилофи назари онҳо нисбати масъалаи ҳалли низоъи Сурия аён гардид ва дар ҳамин ҳол, шумори ҷонибдорону мухолифони амалҳои шитобкорона қариб баробар буд. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар ин хусус ба журналистон хабар дод. «Бидуни назардошти муқаррароти мақомоти қонунии банулмилалӣ, чанде аз […]

ASIA-Plus


Зимни хӯроки шоми сарони кишварҳои узви Гурӯҳи-20 маъруф бо номи G-20 дар Санкт-Петербург ихтилофи назари онҳо нисбати масъалаи ҳалли низоъи Сурия аён гардид ва дар ҳамин ҳол, шумори ҷонибдорону мухолифони амалҳои шитобкорона қариб баробар буд. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар ин хусус ба журналистон хабар дод.

«Бидуни назардошти муқаррароти мақомоти қонунии банулмилалӣ, чанде аз кишварҳо зарурати андешидани тадбирҳои шитобкоронаро ҷонибдорӣ намуда, як қатор кишварҳои дигар даъват ба амал оварданд, ки ба нақзи ҳуқуқи байнулмилалӣ набояд роҳ дода шавад ва ҳамчунин набояд фаромӯш сохт, ки танҳо Шӯрои амнияти СММ ба қабули қарор дар бораи истифодаи нерӯ ҳуқуқ дорад», – мнависад ИНТЕРФАКС бо такя ба гуфтаҳои Дмитрий Песков.

Ба иттилои хабаргузории РБК, нахуствазири Италия Энрико Летта дар микроблоги худ дар Twitter оид ба ин масъала чунин ибрози андеша намудааст: «Ҳоли ҳозир хӯроки шом ба итмом расида, он ихтилофи андешаҳо оид ба ҳалли буҳрони Сурияро тасдиқ намуд».

Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нишасти сарони 20 кишвари пешрафтаи олам (G-20) ҷараён дорад. Дар нишаст Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва сафири махсуси СММ ва Лигаи кишварҳои араб оид ба Сурия Ахзар Иброҳимӣ низ ҳузур доранд.

Онҳо аз сарони кишварҳои Гурӯҳи G-20 даъват карданд, ки баҳри қатъи хунрезӣ дар Сурия тамоми кӯшишотро ба харҷ диҳанд. Дабири кулли СММ ба ҳозирин дар бораи ҷараёни тафтиши истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ дар канораи шаҳри Димимшқ рӯзи 21-уми август аз ҷониби коршиносони СММ маълумот дод.

Таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон, таъмини рушди пойдор, шаффофияти бонкӣ, азнавсозии низоми молӣ-арзии байнулмиллалӣ, ислоҳи муносибати молӣ, густариши пойдори бозорҳои ҷаҳонии энергетика, рушди ҳамкориҳои байнулмилалӣ, мубориза алайҳи фасод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мубориза бо саркашӣ аз пардохти андоз ва ғайра аз ҷумлаи масоили маркази таваҷҷуҳи сарони кишварҳои G-20 унвон мешаванд.

Аъзои G 20-ро кишварҳои Аргентина, Австралия, Бразилия, Канада, Чин, Фаронса, Олмон, Ҳинд, Индонезия, Италия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Мексика, Русия, Арабистон, Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Англия, ИМА ба илова Иттиҳоди Аврупо ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.