Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи «Амонатбонк» ва «Новикомбанк»

Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова  бо намояндагони  «Новикомбанк»-и Русия масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни «Амонатбонк» ва ҶДММ «Новикомбанк» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», Гулнора Ҳасанова  ва ҳайати кории меҳмонон бо сарварии муовини президенти ҶДММ «Новикомбанк» хонум Ширинская Е.Б.   аз ҳамкории мутақобила миёни Амонатбонк ва […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова  бо намояндагони  «Новикомбанк»-и Русия масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни «Амонатбонк» ва ҶДММ «Новикомбанк» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», Гулнора Ҳасанова  ва ҳайати кории меҳмонон бо сарварии муовини президенти ҶДММ «Новикомбанк» хонум Ширинская Е.Б.   аз ҳамкории мутақобила миёни Амонатбонк ва Новикомбанк қаноатмандӣ изҳор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бозори асъор ва коғазҳои қиматтнок, амалиётҳои бонкнотӣ,  маблағгузории ғайринақдӣ ва ҳамчунин маблағгузории мақсаднок дар соҳаи савдоро мавриди муҳокима қарор дода, дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки муносибатҳои судманд миёни бонкҳо бояд дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шавад.

Қобили зикр аст, ки ҶСК Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Новикомбанк» ба қатори 40 бонки бузургтарини Русия дохил шуда, дороиҳои бонк ба санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ 152 млрд. рублро ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.