Намояндаи Донишкадаи улуми сиёсии Отто-Сури Маркази таҳқиқоти муҳити зисти Донишгоҳи Озоди шаҳри Берлин доктор Михаэл Лизенер бар ин назар аст, ки сарфи назар аз дурнамои хуби мавҷудияти нафту газ дар конҳои кишвар, солҳои наздик Тоҷикистон кишвари содиркунандаи нафту газ шуда наметавонад.
Зимни кори конфронси минтақавӣ дар Душанбе (22-юми ноябр) таҳти унвони «Захираҳои табиии маҳдуд – ҳадди ниҳоии рушди иқтисод дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ӯ изҳор кард, ки захираҳои эҳтимолии нафту газ дар Тоҷикистон, ки алҳол истихроҷашон оғоз нашудааст, танҳо ба қонеъ намудани талаботи дохилии кишвар кофӣ буда, дигар кишварҳои дорои захираҳои бузурги нафту гази минтақа (Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) боз солҳои тӯлонӣ бозигарони асосӣ дар ин ҷо боқӣ мемонанд.
«Ба сармоягузорӣ дар бахши нафту гази минтақаи Осиёи Марказӣ Чин хеле таваҷҷуҳ дошта, ба ин васила нуфузашро ддар ин минтақа меафзояд. Чин тадриҷан ба муайянкунандаи нархи гази табиӣ дар ин минтақа табдил меёбад, зеро сол то сол ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз минтақаро афзун мекунад. Бар асари вазъи ноустувор дар кишварҳои Халиҷи Форс, имрӯз Чин кӯшиш дорад, ки воридоти нафту газ аз ин минтақаро коҳиш бидиҳад», – мегӯяд коршиноси олмонӣ.
Бино ба маълумоти коршинос, ҳаҷми аз ҳама бештари гази табиии минтақа дар Қазоқистон ва захираҳои нафт дар Туркманистон мутамарказ шуд, аз ин ҳарду Ӯзбекистон ҳам бархӯрдор аст, вале дар ҳаҷми нисбатан камтар.
«Аз ҳисоби минбаъд азхудкунии кони «Галиниш» дар қисмати ҷанубу шарқ солҳои наздик Туркманистон ба 2-3 маротиба афзудани ҳаҷми истихроҷи газ имконият дорад», – гуфт ӯ.
Ба андешаи Лизенер, солҳои наздик ширкатҳои бузург дар майдонҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ доир намуда, то он замон лозим аст, ки сари истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергия андеша намуд.
Тибқи пешгӯии мутахассисон, дар қабатҳои зеризаминии Тоҷикистон 113,1 млн. тонна нафт, 863 млрд. метри мукааб газ ва 36 млн. тонна конденсати газ таҳшин шуда, дар қисмати ҷанубу ғарби кишвар 80,8% ва дар минтақаи шимол 19,2%-и захираҳои нафту газ мавҷуданд.
Мушкилоти асосии истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он дар чуқурии хеле зиёд таҳшин шуда, ҳамчунин сармоягузорӣ стратегӣ низ мавҷуд нест.
Сарфи назар аз ин мушкилот, ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, чун ҶСК «Газпром», Tethys Petroleum, Total-и фаронсавӣ ва China National Petroleum Corporation (CNPC)-и Чин муддати чандин сол аст, ки корҳои ҷустуҷӯву иктишофи геологии нафту газ дар Тоҷикистонро идома медиҳанд.
Дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-и майдони Сариқамиш имсол ширкати «Gazprom international» корҳои пармакуниро ба итмом расонид. Tethys Petroleum, Total- ва CNPC тибқи созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот дар Тоҷикистон фаъолият доранд.
Дороии асосии ин ширкатҳо дар Тоҷикистон Қарордоди Бохтар дар бораи тақсими маҳсулот мебошад, ки майдони ҳудуди 35 000 километри квадратӣ дар ҳавзаи Афғонистону Тоҷикистон, ғарби кӯҳҳои Помирро дар бар мегирад. Ширкати Тетис бар ин назар аст, ки ин қитъа аз захираҳои назарраси конденсати нафту газ бархӯрдор аст. Ба қитъаи мазкур тамоми қисмати тоҷикистонии ҳавзаи Афғонистону Тоҷикистон шомил мебошад, ки ба ҳавзаи бойи Амударё мансуб аст ва конҳои бузурги аз нафту газ ғании кишварҳои ҳамсояи Туркманистону Ӯзбекистон аз ҳамин ҳавза сарчашма мегиранд.
Тибқи баъзе маълумот, ҳамасола Тоҷикистон ба 1-1,2 млрд. метри мукааб гази табиӣ ва ҳудуди 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ ниёз дорад.



