Ҷаласаи нахусти кории и в. раиси вилояти Суғд

Рӯзи 27-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи нахустини кориро бо ширкати муовинони раиси вилоят, мудирони шӯъбаву бахшҳои  Дастгоҳи раиси вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои вилоятӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи корӣ нахуст Қарорҳои ба имзо расидаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят,  […]


Рӯзи 27-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи нахустини кориро бо ширкати муовинони раиси вилоят, мудирони шӯъбаву бахшҳои  Дастгоҳи раиси вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои вилоятӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи корӣ нахуст Қарорҳои ба имзо расидаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят,  ки тибқи онҳо дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд як қатор тағироти кадрӣ ба амал омаданд, қироат гардид.  Аз ҷумла, бо Қарори Раиси вилоят Раъно Бобоҷонова бо розигии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Раиси вилоят таъин гардид. Ҳамчунин Рустам Ғиёсов мансаби роҳбари дастгоҳи раиси вилоятро ишғол намуд.

Мунаввара Дадобоева иҷрокунандаи вазифаи мудири Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Даврон Ҳоҷибоев ба вазифаи мудири Шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардиданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласаи корӣ ду нафар кормандони собиқадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Содиқ Бобоҷонов – собиқ мудири Шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят ва Қобилҷон Усмонов – собиқ  мудири Шӯъбаи нақлиёт ва комуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  дар фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуданд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла омодагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2013-2014, шудгор ва аз ғӯзапоя тоза намудани майдони пахта, инчунин вусъати кишти тирамоҳӣ, ташкил ва баргузориии  шанбегии умумивилоятӣ, вусъати фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бахусус соҳаи саноати сабук ва ғайра баррасӣ  гардиданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади дар соли оянда вусъат бахшидани таъмиру навсозии роҳҳои аҳмияти байналхалқӣ дошта, дохилӣ ва дохилии маҳаллаҳо ҳамчунин пешниҳод кард, ки  дар вилоят  соли 2014 – соли роҳи обод эълон карда шавад. Абдураҳмон Қодирӣ масъулинро вазифадор кард, ки дар ин бобат пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ инчунин ба масъулин бобати иҷрои саривақтӣ ва сифатноки масъалаҳои  дигари зикргардида дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.