Тарҷумаи русии қонуни соҳибкории Лаҳистон барои тоҷирони тоҷик

Қонунгузории Лаҳистон (Полша) дар бахши соҳибкорӣ барои тоҷирони тоҷик ба забони русӣ тарҷума мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии Тоҷикистон дар масъалаи рушди бахши корхонаҳои хурду миёна – табодули таҷрибаи лаҳистонӣ» аз ҷониби ПСС ҶТ дар ҳамдастӣ бо Агентии рушди соҳибкории Лаҳистон дар […]


Қонунгузории Лаҳистон (Полша) дар бахши соҳибкорӣ барои тоҷирони тоҷик ба забони русӣ тарҷума мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии Тоҷикистон дар масъалаи рушди бахши корхонаҳои хурду миёна – табодули таҷрибаи лаҳистонӣ» аз ҷониби ПСС ҶТ дар ҳамдастӣ бо Агентии рушди соҳибкории Лаҳистон дар Палата семинар барпо карда шуд.

Зимни суханронӣ дар чорабинии мазкур муовини раиси ПСС ҶТ Лариса Кислякова изҳор намуд, ки дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа ҳайати Тоҷикистон аз Полша боздид намуда, дар марҳилаи сеюм тарҷумаи қонунгузории Лаҳистон дар бахши соҳибкорӣ барои тоҷирони тоҷик пешбинӣ шудааст.

Мушовири аввал, роҳбари шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории сафорати Лаҳистон Славомир Стшалковски иштирокчиёни семинарро бо иқтисод ва рушди бахши соҳибкории кишвараш шинос намуда, зикр кард, ки 98%-и корхонаҳои хурду миёнаи Лаҳистон дар соҳаҳои тиҷорат, хӯроки умумӣ, сохтмон ва бахши нақлиёту технологияҳои инноватсионӣ фаъолият дошта, «таҷрибаи андӯхтаи Лаҳистон барои соҳибкорони тоҷик муфид хоҳад буд».

Дар семинар аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони Вазорати молия, Бонки миллии ҷумҳурӣ, «Агроинвестбонк», ширкати «Искич», Ассотсиатсияи АВВАТ, «Тоҷикстандарт», корхонаи «Hilfswerk Australia», МОИ «Панҷ», МОИ «Ишкошим» ва кормандони Палатаи савдо ва саноати кишвар иштирок карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.