Тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумат як қатор тағйирот сурат гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумат Лола Бобохоҷаева муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Соҳибназар Раҳмонов – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шералӣ Ганҷов муовини аввали вазири нақлиёт, Шамсимуҳаммад Назриев муовини вазири нақлиёт таъин карда […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумат як қатор тағйирот сурат гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумат Лола Бобохоҷаева муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Соҳибназар Раҳмонов – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шералӣ Ганҷов муовини аввали вазири нақлиёт, Шамсимуҳаммад Назриев муовини вазири нақлиёт таъин карда шуданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат Ҳайдар Холов ва Акрам Рӯзиев муовинони вазири саноат ва технологияҳои нав, Тоҷинисо Маҳмадова ва Фатҳиддин Исмонов муовинони вазири маориф ва илм, Заробуддин Файзуллоев муовини вазири энергетика ва захирахои об таъин гардиданд.

Мунаввара Исмоилова муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Шарофуддин Бобоназаров ва Нусратулло Нозанинов муовинони раиси Кумитаи мазкур, Ҷумъахон Ниёзов муовини аввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Мирзоҳусейн Султонов муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Нуралӣ Саидов ва Зӯҳро Окимбекова муовини раиси ин Кумита таъин карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.