Ҷаласаи Гурӯҳи дӯстии вакилони Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон

Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ҷаласаи Гурӯҳи дӯстии вакилони Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон барпо гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа вакили Парлумони Аврупо, узви ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбари Гуруҳи дустӣ хонум Элизабет Йегл таъкид намуд, ки мақсади асосии гурухи […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ҷаласаи Гурӯҳи дӯстии вакилони Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон барпо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа вакили Парлумони Аврупо, узви ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбари Гуруҳи дустӣ хонум Элизабет Йегл таъкид намуд, ки мақсади асосии гурухи дӯстӣ ин тавсеа ва таъмиқи робитаҳои бисёрсамтаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ тавассути механизмҳои парлумонӣ мебошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар суханронии худ дар бораи вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, имконоти рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба имкониятҳои робитаҳои дуҷонибаи минбаъда бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетикӣ, маориф ва сайёҳӣ маълумот дод.

Вакилони Парлумони Аврупо ба сатҳи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, пешнищодҳои судмандро ҷиҳати истифодаи механизмҳои парлумонӣ дар тавсеаи робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баён карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.