Моҳи март тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо – Рӯзи модарон ва ҷашни Наврӯз, моҳи марти соли ҷорӣ тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта […]

Аваз Юлдошев



Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо – Рӯзи модарон ва ҷашни Наврӯз, моҳи марти соли ҷорӣ тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта рост ояд, рӯзи кории минбаъда низ рӯзи истироҳат эълон мешавад.

«Рӯзи модарон – 8-уми март имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, 10-уми март (рӯзи душанбе) низ рӯзи истироҳат эълон мешавад», – гуфт манбаъ

Ба иттилои манбаъ, дар таҷлили ҷашни Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март расман рӯзҳои истироҳат шуморида мешаванд ва чун рӯзҳои 22 ва 23-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд, тоҷикистониён рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ, моҳи март тоҷикистониён 15 рӯз – рӯзҳои 1,2,8,9,10,15,16,21,22,23,24,25,26,29 ва 30-юми март истироҳат хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.