Шаҳри Ревдаи Русия ба қабули муҳоҷирони тоҷик омода аст

Зимни вохӯрии корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия бо директори генералии ширкати сохтмони «РемСтройКомнуш»-и шаҳри Ревдаи вилояти Свердловски Русия Файзалӣ Шарипов роҳбари ширкат изҳор намудааст, ки онҳо ба қабули беш аз 60 нафар мутахассисон аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик омодаанд. Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар […]

Аваз Юлдошев



Зимни вохӯрии корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия бо директори генералии ширкати сохтмони «РемСтройКомнуш»-и шаҳри Ревдаи вилояти Свердловски Русия Файзалӣ Шарипов роҳбари ширкат изҳор намудааст, ки онҳо ба қабули беш аз 60 нафар мутахассисон аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик омодаанд.

Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки роҳбари ширкати сохтмонии Русия зикр кардааст, ки айни замон дар навбати аввал онҳо ба хиштчинон, андовагарон, насбгарон, кафшергарон, устои барқ ва мутахассисони дигар касбу корҳои сохтмонӣ ниёз доранд.

«Ширкати сохтмонӣ ба муҳоҷирон дар анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатномавии будубош ва кор мусоидат намуда, ҳамчунин муҳоҷирони кориро бо хобгоҳ ва ғизо таъмин менамояд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар остонаи фарорасии мавсими корӣ ба намояндагӣ аз корфармоёни рус дархостҳо мерасанд ва намояндагӣ баҳри ҷалби корфармоёни имконпазир ҷиҳати бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Русия ҳамаҷониба тадбир меандешад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.