Сарбози латукӯбшударо аз беморхона рухсат доданианд

Сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ аст, шояд баъди як ҳафта аз беморхона ҷавоб дода шавад. Табибон тасдиқ мекунанд, ки давраи муолиҷаи Шаҳбол ба итмом расида, барои минбаъд дар беморхона нигоҳ доштани сарбоз имконият нест ва волидайни сарбоз бояд ӯро бо гардани шикаста ба хонаашон баранд. Падари сарбози ҷабрдида […]

ASIA-Plus



Сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ аст, шояд баъди як ҳафта аз беморхона ҷавоб дода шавад. Табибон тасдиқ мекунанд, ки давраи муолиҷаи Шаҳбол ба итмом расида, барои минбаъд дар беморхона нигоҳ доштани сарбоз имконият нест ва волидайни сарбоз бояд ӯро бо гардани шикаста ба хонаашон баранд.

Падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табибони марказ ба ӯ гуфтаанд, ки метавонад фарзандашро ба хона барад. «Вале ман намедонам, ки минбаъд ӯро ба кадом беморхона барам. Баъди се ҳафта низ вазъи писарам тағйир наёфтааст. Ҷарроҳии зарурӣ анҷом дода нашуд, чунки ин гуна ҷарроҳӣ дар кишвари мо гузаронида намешавад. Барои ҷарроҳӣ дар Олмон, Русия ё Эрон ман маблағ надорам», – мегӯяд ӯ.

Нуъмон Мирзоев зикр кард, ки табибони эронӣ вазнинии ҷароҳатро тасдиқ намуда, арзиши ин гуна ҷарроҳиро беш аз 64 ҳазору 400 евро гуфтаанд. «Ман ин қадар маблағ надорам ва барои рӯйпӯш кардани баъзе хароҷот  барои муолиҷаи писарам маҷбурам, ки манзили якҳуҷрагиам дар Аштро фурӯшам», – иброз дошт падари сарбоз.

Ахири ҳафтаи гузашта фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

ба аёдати

сарбози марзбони дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.