Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 37,4 баробар афзуд

Дар семоҳаи аввали соли 2014 корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ба маблағи умумии 90,3 млн. сомонӣ 180 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта мутаносибан 83,4 млн. сомонӣ ва 173 ҳазор тонна зиёдтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави […]

Заррина Эргашева



Дар семоҳаи аввали соли 2014 корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ба маблағи умумии 90,3 млн. сомонӣ 180 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта мутаносибан 83,4 млн. сомонӣ ва 173 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли семент ба афзоиши ин навъи масолеҳи сохтмон имкон фароҳам овард. «Ахири соли равон дар шаҳри Ваҳдат боз як корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода мешавад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан дар ҷумҳурӣ 9 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доранд, ки бузургтаринашон корхонаи «Тоҷиксемент»-и шаҳри Душанбе ва «Ғаюрсемент»-и ноҳияи Ёвон мебошанд. «Ҳаҷми асосии истеҳсоли семент дар кишвар ба ҳиссаи ҳарду ин корхона рост меояд», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 дар Тоҷикистон 385 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба ин навъи масолеҳи сохтмон беш аз 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Камбуди семент аз ҳисоби воридоти он аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.