Имзои Шартномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Остона

Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба имзо мерасад. Президенти Русия Владимир Путин ба Остона омада, имрӯз дар ин ҷо ҷаласаи Шӯрои Олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – мақоми асосии Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодии Русия, Беларус ва Қазоқистон доир мегардад. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, […]



Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба имзо мерасад.

Президенти Русия Владимир Путин ба Остона омада, имрӯз дар ин ҷо ҷаласаи Шӯрои Олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – мақоми асосии Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодии Русия, Беларус ва Қазоқистон доир мегардад.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи мазкур имзои Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва то ахири соли ҷорӣ тасдиқ шудани он аз ҷониби парлумонҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон дар назар буда, аз 1-уми январи соли 2015 Иттиҳоди Авруосиё ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Владимир Путин, Александр Лукшенко ва Нурсултон Назарбоев ҳамчунин масъалаи имкони тавсеъаи иттиҳоди мазкурро, ки ба он Арманистону Тоҷикистон ва Қирғизистон низ шомил шуданианд, низ баррасӣ хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.