Рӯзи 5-уми июни соли равон дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи фаврӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар ҷаласаи фаврӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдор ва кормандони масъули мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба проблемаҳои марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд тамоми шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир карда мешаванд, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон, ба тариқи электронӣ бо расмҳояшон дар қайд гузошта шаванд.
Вазири корҳои дохилӣ аз зиёд шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дар ҷомеа изҳори ташвиш намуда, аз сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдор ва кормандони масъули мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо, қатъиян талаб кард, ки муборизаро бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ пурзӯр намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Вобаста ба ин, сардорони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили обурӯю эътибор ва ахлоқи шахсияти Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва шӯъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ба ҷазои сахти интизомӣ кашида шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас карда мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои олоти таносул, ба монанди масъунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои ноаён, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд, ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд.
Ғайр аз ин, Вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва муайян намудани шахсоне, ки ба фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо даст мезананд, рейдҳои махсус ташкил ва гузаронида шавад.
Дар хотима Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади дар оянда мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо, пешниҳод намуд, ки ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту илова ворид карда шавад, то ки шаҳрвандон пеш аз оила барпо намудан, ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.







