Ҳукумати Панҷакент бинои дафтари кории ҲНИТ-ро мекӯчонад

Ҳукумати шаҳри Панҷакент бинои дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қисман кӯчонид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба гуфтаҳои Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент, рӯзи 5-уми июн намояндаҳои қудратии шаҳри Панҷакент аз қабили намояндаҳои прокуратураи шаҳр, раиси амният, масъули умури дохилӣ, масъулони коммуналӣ ва дигарон бинои бахши ҳизбро […]

Меҳрангез Турсунзода



Ҳукумати шаҳри Панҷакент бинои дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қисман кӯчонид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба гуфтаҳои Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент, рӯзи 5-уми июн намояндаҳои қудратии шаҳри Панҷакент аз қабили намояндаҳои прокуратураи шаҳр, раиси амният, масъули умури дохилӣ, масъулони коммуналӣ ва дигарон бинои бахши ҳизбро қисман тахриб намуда, шифоҳӣ ваъда додаанд, ки ба ивазаш замин медиҳанд.

Ӯ гуфтааст, «дари бахши ҳизбро махкам карда будам, мутаассифона, симҳоро канда, дохили бахши ҳизб шуда, ба вайронкорӣ даст заданд. Аз мо напурсиданд, ки дар бино чӣ асту дар кадом асос бояд бино тахриб шавад. Болопӯши бинои мо 11 “плита” дошт, ҳоло сетояшро канданд ва тасмим доранд, то девори биноро низ тахриб кунанд.”

Сино Ҳасанзода қаблан изҳор доштааст, ки нахуст онҳоро хотиррасон карда буданд, ки аз сабаби дар канори роҳ будани дафтари ҳизб эҳтимол он тахриб карда шавад, аммо қарори қаблӣ, ки арзи роҳи автомобилгардро дар дохили шаҳр 34 метр арзёбӣ мекард, ба 18 ё 20 метр иваз карда шуд ва аз ин рӯ, қароргоҳи ҳизб бояд ҳифз мешуд, вале имрӯз «боз ба тахриб намудани он шурӯъ намудаанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.