Ташрифи афсарони Коллеҷи Шоҳигарии Британия ба Тоҷикистон

Гурӯҳи донишҷӯёни Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ аз 11-ум то 14-уми июн ба Тоҷикистон ташриф меоваранд. Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳ аз 8 афсари калони Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва 9 афсари калони хориҷие, ки дар муассисаҳои гуногуни низомӣ кору фаъолият мекунанд, иборат мебошанд. Сайёҳати таҳсил дар хориҷа ин яке аз […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи донишҷӯёни Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ аз 11-ум то 14-уми июн ба Тоҷикистон ташриф меоваранд.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳ аз 8 афсари калони Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва 9 афсари калони хориҷие, ки дар муассисаҳои гуногуни низомӣ кору фаъолият мекунанд, иборат мебошанд. Сайёҳати таҳсил дар хориҷа ин яке аз унсурҳои калидии омӯзиши Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ мебошад. Ин намуди боздидҳо аз Тоҷикистон аҳёнан рух медиҳанд ва он мувофиқи тафоҳумномаи ҳамдигарфаҳмӣ оиди ҳамкории мудофиавӣ, ки байни Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, баргузор мегардад.

Дар доираи барномаи сафарашон, гурӯҳи Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ як қатор вохӯриҳоро бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ба монанди Вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон, Шабакаи Оғо-Хон оид ба рушд ва Ташкилот оиди амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хоҳанд дошт. Дар рафти ин вохӯриҳо тарафҳо вазъи сиёсӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаро муҳокима мекунанд.

Дар баробари қисмати расмии барномаашон, ҳайати намояндагони Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ боз аз якчанд ҷойҳои маданӣ боздид намуда, берун аз шаҳри Душанбе сафар мекунанд. Онҳо боз ба чорабиние, ки Сафорати Бритониё дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи Улёҳазрат Малика Елизаветаи II баргузор мекунад, иштирок хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.