Эҳтимоли ба 100% саҳмияҳои «Агроинвестбонк» соҳиб шудани давлат

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки ҳарчанд дар фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» беҳбудӣ ба мушоҳида расад ҳам, онро наметавон комилан қаноатбахш арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Нуралиев, соли 2012 ҳукумат дар бораи дубора сармоягузорӣ ба бонк дар ҳаҷми 700 млн. сомонӣ қарор қабул намуда, аз ин миқдор 200 млн. […]

Заррина Эргашева



Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки ҳарчанд дар фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» беҳбудӣ ба мушоҳида расад ҳам, онро наметавон комилан қаноатбахш арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи Нуралиев, соли 2012 ҳукумат дар бораи дубора сармоягузорӣ ба бонк дар ҳаҷми 700 млн. сомонӣ қарор қабул намуда, аз ин миқдор 200 млн. сомонӣ ба сифати афзудани сармояи оиннномавии бонк ва 500 млн. сомонӣ ба ивази дороиҳои марбут ба амалҳои номутобиқ ба талаботи Бонки миллӣ равона гардиданд.

«Таври маълум, 52%-и саҳмияҳои бонк ба давлат, аз ҷумла Вазорати молия тааллуқ доранд ва қисмати боқимонда миёни муассисони аввалия, ки ҳиссаашон баъди сармоягузории дубора коҳиш ёфт, тақсим карда шудааст ва вазъи молиявии бонк ба иқдомоти минбаъда нисбати он вобаста аст», – иброз дошт ӯ.

Нуралиев мегӯяд, шояд давлат 100% молики «Агроинвестбонк гардад. «Ба назарам, ягон сармоягузоре ёфт нахоҳад шуд, ки талафоти имрӯзаи мавҷудаи бонкро ба дӯш гирад. Шурӯъ аз соли 2010 ин бонк то имрӯз натиҷаҳои молиро бо зиён ба анҷом мерасонад ва имсолу соли оянда  низ чунин ҳолат дар назар аст. Ин ба раёсат ва аъзои Шӯрои мудирони имрӯзаи бонк дахл надошта, мероси ҳайати корманаони пешинаи муассиса мебошад», – қайд кард Нуралиев.

Зимнан зикр гардид, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбат ба раёсати «Агроинвестбонк» муҳлати мушаххас дода шуда, дар сурати иҷро накардани ин вазифаҳо, нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.