Рӯзҳои кори нишасти СҲШ бозорҳои «Саховат» ва «Корвон» баста мешаванд

Дар робита ба баргузории нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ва чорабиниҳои марбут ба он дар шаҳри Душанбе, бозорҳои «Саховат» ва «Корвон»-и пойтахт муваққатан баста мешаванд. Роҳбари Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории Душанбе Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби муваққатан боздоштани фаъолияти ин бозорҳо дар он аст, ки хатсайри равуои […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Дар робита ба баргузории нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ва чорабиниҳои марбут ба он дар шаҳри Душанбе, бозорҳои «Саховат» ва «Корвон»-и пойтахт муваққатан баста мешаванд.

Роҳбари Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории Душанбе Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби муваққатан боздоштани фаъолияти ин бозорҳо дар он аст, ки хатсайри равуои меҳмонони воломақом дар ин рӯзҳо аз наздики бозорҳои мазкур мегузарад.

Рӯзи 13-уми сентябр сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони дигар ҷиҳати иштирок дар маросими расмии оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» ба ноҳияи Рӯдакӣ раҳсипор мешаванд.

«Бозори «Саховат» танҳо рӯзи 13-уми сентябр ва бозори «Корвон» рӯзҳои 12-13-уми сентябр баста мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Амонов, бозори «Корвон» рӯзи ҷумъа низ баста хоҳад буд, зеро тамоми кормандони милисае, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар бозорро назорат мекарданд, ба тадбирҳои таъмини амният дар рӯзҳои кори нишасти СҲШ ҷалб шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.