Гузашти низомӣ ба муносибати солгарди таъсиси Гвардияи миллӣ

Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ин чорабинӣ дар маркази таълимии Гвардияи миллӣ доир гардида, дар он аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад. Ба иттилои манбаъ, ба […]



Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ин чорабинӣ дар маркази таълимии Гвардияи миллӣ доир гардида, дар он аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, дар гузашти низомӣ ҳамчунин воҳидҳои ҷудогонаи ВКД, Вазорати мудофиа, нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ низ ширкат меварзанд.

Қобили зикр аст, ки Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки қаблан Гвардияи президентӣ ном дошт, моҳи сентябри соли 1995 таъсис  дода шуд. Моҳи январи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.