Эмомалӣ Раҳмон қонун «Дар бораи афв»-ро ба имзо расонид

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба ифтихори 20 – солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба ифтихори 20 – солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни мазкур асосан нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд ва барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, мувофиқи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бахшидани гуноҳҳои зиёда аз 10 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, пеш аз ҳама, занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд.

Зикр мегардад, ки матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.