БҶ: Имсол рушди иқтисоди Тоҷикистон то 4,2% коҳиш меёбад.

Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Сароҷ Кумар Ҷҳа рӯзҳои 3-5-уми феврали соли 2015 аз Тоҷикистон боздид намуд. Дар иттилоияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҷаноби Ҷа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазорату ташкилотҳои  асосии  Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаҳои ҷорӣ  ва тарҳрезишудаи  […]

ASIA-Plus



Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Сароҷ Кумар Ҷҳа рӯзҳои 3-5-уми феврали соли 2015 аз Тоҷикистон боздид намуд.

Дар иттилоияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҷаноби Ҷа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазорату ташкилотҳои  асосии  Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаҳои ҷорӣ  ва тарҳрезишудаи  Бонки ҷаҳонӣ, ки ба мусоидат намудан ба сатҳи баланди зиндагӣ барои мардуми Тоҷикистон равона карда шудаанд, вохӯриҳо анҷом дод.

«Бинобар тағйирёбии вазъият дар хориҷи кишвар, рушди иқтисодиёти Тоҷикистон суст мегардад ва осебпазирии он аз ин таконҳо афзоиш меёбад,  – қайд намуд ҷаноби  Сароҷ Кумар  Ҷа. – Мо бо ҳамкорони худ дар ҳукумати ин мамлакат масъалаҳои марбут ба роҳу воситаҳои дастгирии Тоҷикистонро аз ҷониби Гуруҳи БҶ дар бахши ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва беҳсозии идоракунии макроиқтисодӣ, фароҳам овардани шароити созгор барои соҳибкорӣ ва таҳкими бахшҳои давлатӣ ва молиявӣ мавриди муҳокима қарор додем».

Гуфта мешавад, афзоиши воқеии ММД дар Тоҷикистон дар соли 2014 суст  гардида, 6,7 фоизро ташкил дод ва буҳрони шадиди иқтисодӣ дар Русия ба дурнамои рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015 таъсири манфии худро мерасонад.

Мутобиқи ҳисоботи охирини Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони  «Дурнамоҳои иқтисодии глобалӣ», пастравии шадид ё худ мунтазами нарху навои  маҳсулот ё коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия, ки сарчашмаи асосии  интиқоли маблағ ба минтақа ба ҳисоб меравад, барои кишварҳои ИДМ хавфҳои ҷиддӣ  эҷод мекунанд ва хусусан Тоҷикистон аз ин гуна таконҳо осебпазир  аст.

Зимнан зикр мегардад, ки Бонки ҷаҳонӣ  пешбинӣ менамояд, ки дар соли 2015 рушди иқтисоди Тоҷикистон, то ба 4,2 фоиз коҳиш меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.