Коэло: Миллионҳо нафаре, ки мегуфтанд: “Ман Шарлӣ ҳастам”, куҷоянд, ки бигӯянд “Ман Муоз ҳастам”?

Пауло Коэло, шоир ва нависандаи машҳури Брозил дар саҳифаи иҷтимоии Твиттераш дар вокуниш ба иқдоми ваҳшиёнаи ДИИШ дар сӯзонидани Муоз ал-Кассосбеҳ, халабони урдунӣ ба табъиз қоил шудан миёни кушташудагони фаронсавӣ дар Аврупо ва қурбониёни терроризм дар Ховари Миёна интиқод кард. Ӯ дар саҳифаи Твиттераш навишт: “Дар аҷабам аз миллионҳо нафаре, ки мегуфтанд: “Ман Шарлӣ ҳастам”, […]

Islamnews.Tj

Пауло Коэло, шоир ва нависандаи машҳури Брозил дар саҳифаи иҷтимоии

Твиттераш

дар вокуниш ба иқдоми ваҳшиёнаи ДИИШ дар сӯзонидани Муоз ал-Кассосбеҳ, халабони урдунӣ ба табъиз қоил шудан миёни кушташудагони фаронсавӣ дар Аврупо ва қурбониёни терроризм дар Ховари Миёна интиқод кард.

Ӯ дар саҳифаи Твиттераш навишт:

“Дар аҷабам аз миллионҳо нафаре, ки мегуфтанд: “Ман Шарлӣ ҳастам”, ҳоло куҷо ҳастанд, ки твит кунанд: “Ман Муоз ҳастам”?  

7-уми январи соли 2015  гуруҳи мусаллаҳ аз ДИИШ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» ҳамла карда, ҷониби кормандони он тир кушоаданд. Мақомоти қудратии Париж иттилоъ дода буданд, ки дар натиҷаи амали ваҳшиёна 12 нафар, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда ва ходимони эҷодии маҷаллаи мазкур, ду корманди пулис, шореҳи радиои «Франс Интер» ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошта буданд.

Баъди ин ҳодиса дар чанд шаҳрҳои бузурги Аврупо мардум алайҳи ин қазия раҳпаймоӣ намуда зидди Ислом шиор доданд.

Ин изҳори нависандаи машҳури Брозил вобаста ба сӯзонида шудани халабони урдунӣ аз тарафи террористҳои ДИИШ сурат гирифтааст.

ДИИШ бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз зинда ба зинда сӯзонидани Муоз Ал-Касосбеҳро хабар додаанд.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ амали террористҳоро маҳкум намуда изҳор доштааст:

“Қатли халабони урдунӣ иқдоми ваҳшиёна аст ва ҳамаи давлатҳо бояд барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ тибқи муқаррарот амал кунанд”. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.