Боздошти як зани ҳунарпеша дар қаллобӣ дар Душанбе

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия як нафар зане, ки бо ҳар роҳу восита ва фиребу найранг ба боварии шаҳрвандон даромада молу амвол ва пули онҳоро тасарруф менамудааст, дастгир гардид. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ ме6диҳад, ки ин зан гоҳе худро ҳамчун муаллимаи рақси ҳиндуӣ аз Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus



Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия як нафар зане, ки бо ҳар роҳу восита ва фиребу найранг ба боварии шаҳрвандон даромада молу амвол ва пули онҳоро тасарруф менамудааст, дастгир гардид.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ ме6диҳад, ки ин зан гоҳе худро ҳамчун муаллимаи рақси ҳиндуӣ аз Ҷумҳурии Бангладеш ё намояндаи сафоратхона, гоҳе чун тоҷир ё роҳгумзадае муаррифӣ намуда, сипас бо мақсадҳои ғаразноки худ бо таҳдид ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ даст мезадааст. Ҳатто вақти боздошт бо лаҳҷаи мардуми вилояти Суғд ҳарф зада, кӯшиш мекардааст, ки кормандони милитсияро ба гумроҳӣ бурда, худро бо ному насаби «Давлатова Ҷамила аз шаҳри Панҷакент» муаррифӣ кунад.

Аммо зимни бурдани корҳои тафтишотӣ шахсияти ин ҳунарпешаи олами ҷиноӣ муайян карда шуда, чанд далели тамаъҷӯӣ ва қаллобии ин шахс ошкор гардид.

Ин шаҳрванд Исломова Зебистон Саймуродовна, соли таваллудаш 1973,сокини ноҳияи Рашт, ки қаблан бо моддаи 247 КҶ ҶТ суд шудааст, дар ҳудуди ш. Душанбе аз моҳи ноябри соли 2014 инҷониб танҳо ва гоҳ бо шарики ҷиноияш Розиқов Абдусалом соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Душанбе, бо маҳорати баланд «фаъолият» доштааст.

ВКД Тоҷикистон чанде аз «фаъолиятҳо»-и қаллобонаи ин занро зикр кардааст:


Ҳодисаи аввал:

Тахминан моҳи ноябри соли 2014 Исломова З. худро роҳгумзада ва шабмонда нишон дода, барои қазои ҳоҷат вориди қаровулхонае дар ҳудуди Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе («Автовокзал»), ки дар он ҷо шаҳрванд Раҳмонов А., соли таваллудаш 1950 ба ҳайси  посбон фаъолият мекунад, бо роҳи фиреб ворид гардида, сипас бо сабаби нисфи шаб будан аз мавсуф илтимос мекунад, ки дар қаровулхона шабро рӯз кунад.

Ҳуди ҳамон шаб посбонро ба ҳамхобагӣ моил карда, рӯзи дигар, Исломова З. ҳамроҳи шарикаш Розиқов Абдусалом, соли таваллудаш 1959, сокини ш. Душанбе ба назди Раҳмонов А. омада, ба ӯ таҳдид мекунанд, ки агар ба онҳо маблағи пулӣ надиҳад, оиди ҳодисаи шаби гузашта, яъне дастдарозӣ ба номус ӯро беобрӯ карда, сипас ба мақомоти корҳои дохилӣ арз хоҳанд кард.

Посбони фиребхӯрда 3000 сомонии талабкардаро ба онҳо медиҳад. Аммо тамаъҷӯён ба ин қаноат накарда мунтазам меҳмони ӯ шуда, аз номбурда боз маблағ талаб мекунанд. Ҳамин тариқ ин қаллобон то моҳи феврали соли 2015 аз шаҳрванд Раҳмонов А. маблағи 14100 сомонӣ талаб карда мегиранд.


Ходисаи дуввум:

бо ҳамин усул, Исломова З. сокини ноҳияи Ҳисор Шеров Ш., соли таваллудаш 1971-ро таҳдид намуда, ба илова тӯҳмат мезанад, ки охирин гарданбанди тиллоии ӯро дуздидааст. Бо чунин роҳ ӯ аз шаҳрванд Шеров Ш. низ 4500 сомонӣ пули нақдро тасарруф намудааст.


Ҳодисаи сеюм:

Исломова З. дар дохили микроавтобуси шаҳрӣ бо шаҳрванд Гулова Д., соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ваҳдат шинос шуда, бо ӯ бо забони тоҷикии монанд ба ҳиндӣ гап зада, худро муаллимаи рақси ҳиндуӣ муаррифӣ мекунад ва ваъда медиҳад, ки агар ба ӯ ба маблағи 500 доллари амрикоӣ хонаи иҷора ёбад, ба Гулова Д. ва фарзандонаш бо нархи арзон рақси ҳиндуӣ меомӯзонад. Бар замми ин, Исломова З. илова мекунад, ки аз Ҷумҳурии Бангладеш буда, дар Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва забони тоҷикиро ба наздикӣ дар ҳамин ҷо ёд гирифтааст. Аз сабаби надонистани он, ки зимистони Тоҷикистон ин қадар хунук будааст бо либоси тунук ба ин ҷо омадааст.

Бо ин мақсад ба боварии Гулова Д. даромада палтои қимматноки ӯро соҳиб гардида, мебинад, ки дар ҳамёнаш пули зиёд дорад. Сипас 400 сомониашро гирифта ваъда медиҳад, ки пулашро бо изофа бармегардонад.


Ҳодисаи чорум:

Исломова З. бо ин қаноат накарда, орзуи дар шаҳри Душанбе шоҳона зиндагӣ намуданро мекунад. Ӯ худро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ намуда, ба боварии Холов К., соли таваллудаш 1977, сокини ш. Душанбе даромада, хонаи ӯро, ки пардохти маблағи иҷора 1000 доллари амрикоӣ буд, ба маблағи 1200 доллари амрикоӣ ба «иҷора» мегирад. Сипас, гӯё ҷобаҷогузории ҷиҳози хона ба ӯ маъқул набуда, аз Холов К. хоҳиш мекунад, ки хонаро бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин намояд. Шаҳрванд Холов К. барои ин миҷози олиҳиммати худ ҳуҷҷатҳои хонаашро ба гарав монда, аз бонк пули калон қарз гирифта, мебел ва дигар анҷомҳои қимматнок харида меорад…

Аммо аллакай қаҳрамони ҳодиса Исломова З. зери шубҳаи кормандони милитсия қарор гирифта буд. Баъди се рӯзи иҷора нишастанаш дар ин хонаи зебою барҳаво Исломова З. бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ дар асоси шикояти шаҳрвандони дар боло зикршуда, дастгир гардид. Шаҳрванд Холов К. то ҳол бовар надорад, ки ин зани «эронӣ» ҳаммилати худамон – тоҷики муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.