Раиси ҲНИТ аз кӯлобиҳо даъват кард, ки ба номзади арзанда овоз диҳанд

Имрӯз дар Кохи ҷавонони шаҳри Кӯлоб раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо интихобкунандагон мулоқот кард. Тавре ба «Азия-Плюс» Давлатшо Шарофуддинов, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии якмандатии интихоботии №37-и Кӯлоб хабар дод, қабл аз ин вохӯрӣ бо муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов суҳбат ороста шуда, ӯ изҳори итминон кард, ки «ҳарчанд интихобот дар вазъи […]

Турко Дикаев



Имрӯз дар Кохи ҷавонони шаҳри Кӯлоб раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо интихобкунандагон мулоқот кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Давлатшо Шарофуддинов, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии якмандатии интихоботии №37-и Кӯлоб хабар дод, қабл аз ин вохӯрӣ бо муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов суҳбат ороста шуда, ӯ изҳори итминон кард, ки «ҳарчанд интихобот дар вазъи рақобати шадид сурат гирад ҳам, он бидуни қонуншиканииву ҳодисаҳои ногаҳонӣ хоҳад гузашт».

Ба гуфтаи ӯ, зимни суханронӣ назди ҳозирин дар ин вохӯрӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор намудааст, ки сарвари давлат ва КМИР ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки «маъракаи интихоботӣ дар кишвар ҳамеша бо риояи қатъии қонун баргузор гардад, вале интизоми нокофии мақомоти иҷроия дар маҳалҳо нисбат ба посух, саволҳо бештар пеш меорад».

«Фарҳанги бунёди ҳизбӣ низ дар кишвар дар сатҳи нокофӣ қарор дорад, аз ин рӯ дар бисёр масъалаҳо, ҳатто иғвогариҳо нисбати аҳзоби ҷудогона нофаҳмиҳо рӯйи кор меояд. Бинобар ин, дар ин маъракаи интиоботӣ мо шиори «Мо барои Тоҷикистон! Тоҷикистон барои ҳама!»-ро интихоб кардем», – иброз доштааст раиси ҲНИТ ва даъват кардааст, ки интихобкунадагон овози худро ба он номзаде диҳанд, ки арзандаву шоиста мешуморанд.

Назди ҳозирин ҳамчунин номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №37-и Кӯлоб Саидиброҳими Назар низ суханронӣ кардааст. Саидиброҳими Назар мушвоири раиси ҲНИТ оид ба масоили сиёсӣ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.