Р.Зойиров: Ба комиссияҳои интихоботии Зарафшон танҳо ман ташриф овардам

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров имрӯз, 17 феврал силсилаи панҷрӯзаи вохӯриҳо бо интихобкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба итмом расонид. Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯриҳо бо сокинони шаҳрҳои Исфараву Конибодом, Истаравшану Чкаловск, Панҷакент ва ноҳияҳои Спитамену Айнӣ ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ-ро шарҳу тавзеҳ додааст. «Интихобкунандагон қабл […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров имрӯз, 17 феврал силсилаи панҷрӯзаи вохӯриҳо бо интихобкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба итмом расонид.

Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯриҳо бо сокинони шаҳрҳои Исфараву Конибодом, Истаравшану Чкаловск, Панҷакент ва ноҳияҳои Спитамену Айнӣ ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ-ро шарҳу тавзеҳ додааст.

«Интихобкунандагон қабл аз ҳама ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими амният, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва мубориза бо коррупсия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Ба таъкиди раиси ҲСДТ, дар ҳамаи вохӯриҳо ба интихобкунандагон маводи таблиғотии ҳизб тақсим карда шуд.

«Ҳангоми боздид аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ дар баробари вохӯриҳо бо интихобкунандагон, ман ҳамчунин аз комиссияҳои интихоботӣ боздид намуда, бо раҳбарияти онҳо мулоқот кардам ва онҳо маълумот доданд, ки ман аввалин раиси ҳизби сиёсӣ ҳастам, ки ба комиссияҳои интихоботии ин маҳалҳо ташриф овардаам», – қайд кард раиси ҲСДТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.