Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни ИА ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Рӯзҳои 10 – 12 марти соли 2015 дар Душанбе миёни ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир мегардад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, баҳри иштирок дар ин чорабинӣ ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хадамоти амалиёти хориҷии […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 10 – 12 марти соли 2015 дар Душанбе миёни ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, баҳри иштирок дар ин чорабинӣ ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хадамоти амалиёти хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ташриф меоранд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин муколама ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муқовимат ба афзоиши ифротгароӣ ва тундгароӣ дар минтақаро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ таҳияи созишномаҳои мушаххас ва ташаббусҳо барои таъмини сулҳу субот дар минтақа низ дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.