Ҳакамии довари тоҷик дар мусобиқаи футболи байнулмилалӣ

Довари тоҷик Баҳром Саъдуллоеви 41-сола ба ҳайати доварон дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 миёни ҷавонони то синни 23-сола дар гурӯҳи «Е» шомил гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), даври интихобии мусобиқот дар ин гурӯҳ аз 27 то 31 март дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад. Дар ин гурӯҳ ба ҷуз […]

ASIA-Plus



Довари тоҷик Баҳром Саъдуллоеви 41-сола ба ҳайати доварон дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 миёни ҷавонони то синни 23-сола дар гурӯҳи «Е» шомил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), даври интихобии мусобиқот дар ин гурӯҳ аз 27 то 31 март дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад. Дар ин гурӯҳ ба ҷуз соҳибони майдон – дастаи Бангладеш, ҳамчунин дастаҳои мунтахаби Сурия, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон баҳри дарёфти роҳхат ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2016 қувваозмоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Баҳром Саъдуллоев дар ҳайати дастаи доварони Чоримурод Қурбонов аз Туркманистон бозии даври сеюм дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё миёни дастаҳои «Ал-Ҷайш»-и Сурия ва «Кувайт»-и Кувайтро доварӣ намуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.