Дар ноҳияи Айнӣ МБГ-и навбатӣ сохтанианд

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 25 март бо иштироки намояндагони бахши энергетика ва экологияи ҳукумат машварати корӣ баргузор намуд, ки дар он лоиҳаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Фон Яғноб» дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

Аваз Юлдошев



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 25 март бо иштироки намояндагони бахши энергетика ва экологияи ҳукумат машварати корӣ баргузор намуд, ки дар он лоиҳаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Фон Яғноб» дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳакашии иншооти зикршуда ҳанӯз замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчунин нерӯгоҳи барқии давлатии ноҳиявӣ оғоз гардида буд.

«Бо назардошти афзоиши талаботи бахшҳои иқтисоду аҳолии кишвар ба нерӯи барқ, дар назар дошта шудааст, ки иқтидори марказ аз 700 то 1050 МВт-ро ташкил дода, таъмини он аз ҳисоби ангишти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, муовини нахуствазири кишвар ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати истифодаи пурсамари ангишти кони «Фон-Яғноб», ки беш аз 54% аз  ҳаҷми умумии истеҳсоли ангишти кишварро ташкил медиҳад, тадбирҳои заруриву муассир андешанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.