Боздошти шаҳрванди Афғонистон дар Кӯлоб бо маводи мухаддир

Аввали ҳафтаи равон кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб дар рафти гузаронидани амалиёти махсуси “таҳвили байналмилалии назоратшаванда” шаҳрванди 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дастгир намуданд, ки дар шаҳри Кӯлоб хонаро иҷора мегирифт. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми кофтукови хона халтаи […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб дар рафти гузаронидани амалиёти махсуси “таҳвили байналмилалии назоратшаванда” шаҳрванди 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дастгир намуданд, ки дар шаҳри Кӯлоб хонаро иҷора мегирифт.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми кофтукови хона халтаи селофанӣ дарёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он 33 баста бо маводи ҷигариранг ва 1 баста бо маводи хокамонанд мавҷуд буд.

Тибқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон маводи мусодирашуда афюн бо вазни зиёда аз 40 кг ва героин бо вазни тақрибан 1 кг мебошад.

Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дастгиршуда ният дошт маводи нашъаоварро дар ҳудуди Тоҷикистон фурӯшад ва маблағи пулиро ба суратҳисоби электронии соҳиби “бор” равон намояд. Кормандони Агентӣ шахсияти шаҳрванди Афғонистонро, ки маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода буд, муайян намуданд. Ҳоло дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чораҳои зарурӣ барои дастгир намудани ӯ андешида шудаанд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 КҶ ҶТ – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Шуъба ворид карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.