Вазири мудофиа хотима бахшидан ба «облава»-ро талаб кард

Таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар ва намояндагони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ машварати корӣ доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва баргузории маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафҳои Артиши миллӣ, ки 1 апрел оғоз мегардад, барррасӣ шуданд. Сардори […]

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар ва намояндагони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ машварати корӣ доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва баргузории маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафҳои Артиши миллӣ, ки 1 апрел оғоз мегардад, барррасӣ шуданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар машварат ҳамчунин масъалаҳои риояи қонун зимни даъвати наваскарон ба хизмат, муоинаи тиббии хушсифати даъватшавандагон, баргузор намудани вохӯриҳо бо даъватшавандагони имконпазир ва волидони онҳо низ матраҳ гардиданд.

«Дар машварат ба масъалахои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, аҳли ҷомеа, фаъолон, кумитаҳои падару модарон ҳангоми маъракаи даъват таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид», – таъкид кард манбаъ.

Маҳмадлиев қайд кард, ки вазир аз комиссарони ҳарбӣ тақозо намудааст, ки ба падидаҳое чун боздошти ғайриқонуниву ба хизмат овардани даъватшавандагон (облава) ва муносибати дағалона бо онҳо хотима бахшида шавад.

«Шералӣ Мирзо таъкид дошт, ки фаъолияти комиссарони ҳарбӣ дар давраи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд дар доираи қонунгузорӣ, талаботи президенти мамлакат ва дастурҳои вазорат ба роҳ монда шавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.