Озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон дар Тоҷикистон

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон ҷараён дорад. Аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали озмун аз 1 то 3 май баргузор шуда, дар он беш аз 120 нафар қориёни Қуръон ширкат варзидаанд. «Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал 45 нафар ба марҳилаи дуюми озмун гузашта, рӯзҳои 6-7 […]

Меҳрангез Турсунзода



Имрӯзҳо дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон ҷараён дорад.

Аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали озмун аз 1 то 3 май баргузор шуда, дар он беш аз 120 нафар қориёни Қуръон ширкат варзидаанд.

«Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал 45 нафар ба марҳилаи дуюми озмун гузашта, рӯзҳои 6-7 май дар Душанбе ба рақобат идома медиҳанд. Аз рӯи панҷ номинатсия дар маҷмӯъ се нафарӣ ғолибон муайян шуда, онҳо бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд», – иттилоъ доданд аз Донишкада.

Ҳайати ҳакамони озмун аз ходимони дини Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иборат буда, ин чорабинӣ аз ҷониби Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Иттиҳодияи байнулмилалии қориёни Қуръони Арабистони Саудӣ гузаронида мешавад ва ғолибони озмун бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.