Пешвои «Созандагони Ватан» ба маҳалгароӣ тоб наовард

Пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа интихоб шуда буд , аз мансабаш истеъфо дод. Дар саҳифаи фейсбукиаш Абдураҳмонов дар ин робита менависад, ки сабаби истеъфояш «маҳалгароӣ ва бахилист, ки дар КИМ ҲХХДТ ҳукмфармоянд». «Ҳамчун раиси «Созандагони Ватан» сидқан 3 […]

Аваз Юлдошев



Пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа

интихоб шуда буд

, аз мансабаш истеъфо дод.

Дар

саҳифаи фейсбукиаш

Абдураҳмонов дар ин робита менависад, ки сабаби истеъфояш «маҳалгароӣ ва бахилист, ки дар КИМ ҲХХДТ ҳукмфармоянд».

«Ҳамчун раиси «Созандагони Ватан» сидқан 3 моҳ фаъолиятҳои фундаменталии натиҷадор кардам. Аз махалгароӣ, ҷудоиандозӣ, бадӣ, бахилии аксарияти кормандони КМ ҲХДТ истеъфо додам, ки ин бароям як мактаби бузурги сиёсатмадоронро шинохтан шуд», – менависад ӯ.

Дар идома ӯ зикр мекунад, ки бисёриҳо ба ман гуфтанд, ки истеъфо мадеҳ, ки дар назди ҷаноби олӣ сиёҳат мекунанд, аммо истеъфо додам, бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. «Ҷавонони азиз, агар барои суханони ҳақам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад. Бигзор Тоҷикистон обод шавад», – иброз доштааст И.Абдураҳмонов.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» аз мансабаш истеъфо додани И.Абдураҳмоновро тасдиқ кард. «Тарк кардани мансаби пешвои ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҷониби ӯро наметавон истеъфо номид, зеро ӯ ихтиёрӣ бидуни пардохти маош ташкилоти «Созандагони Ватан»-ро роҳбарӣ мекард», – гуфт ӯ.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябри ҳамин сол дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.