Афзоиши ҷинояткорӣ миёни занону духтарони ноболиғ

Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, танҳо нимсолаи аввали соли 2015 дар қаламрави кишвар 1 ҳазору 77 далели содир шудани ҷиноят аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 662 далел зиёдтар мебошад. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилиа […]



Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, танҳо нимсолаи аввали соли 2015 дар қаламрави кишвар 1 ҳазору 77 далели содир шудани ҷиноят аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 662 далел зиёдтар мебошад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилиа назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ин шумор 1 ҳазору 53 ҷиноят аз ҷониби занон ва 24 ҷиноят аз ҷониби духтарон содир шудааст, ки дар муқоиса бо нимсолаи авали соли гузашта 17 ҳолат бештар аст.

«Аксари далелҳои ҷиноятҳои дар ин давра аз тарафи занон содиршуда дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд, ки 518 ҳолатро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе – 289, Рашт – 144, вилояти Хатлон – 93, ВМКБ – 9 ҳолати ба ҷиноятҳо даст задани занону духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шуд», – иброз дошт Хидирова.

Ба гуфтаи ӯ, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ 326 ҳолати даст ба худкушӣ задани занон ва духтарон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба нимсолаи авали соли гузашта 8 ҳолат зиёдтар мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки давоми ним соли 2015 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 539 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар мукоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 124 ҳолат камтар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.