Маҳбасҳои ҷудогона барои исломгароён дар Қирғизистон

Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев бар ин назар аст, ки маҳкумшудагон ба ифротгароии диниро аз маҳбусони дигар ҷудо нигоҳ доштан зарур аст, то ки аз падидаи ба тундгароӣ гаравидан ва ҷалби дигар зиндониён ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ шавад. Хабаргузории Интерфакс дар ин робита менависад, Сариев дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД Қирғизистон гуфтааст, «дар ҷумҳурӣ барои маҳкумшудагон […]



Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев бар ин назар аст, ки маҳкумшудагон ба ифротгароии диниро аз маҳбусони дигар ҷудо нигоҳ доштан зарур аст, то ки аз падидаи ба тундгароӣ гаравидан ва ҷалби дигар зиндониён ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ шавад.

Хабаргузории

Интерфакс

дар ин робита менависад, Сариев дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД Қирғизистон гуфтааст, «дар ҷумҳурӣ барои маҳкумшудагон ба ифротгароии динӣ бояд зиндони алоҳида ташкил карда шавад, чунки онҳо фаъолона ба ҷалби ҷинояткорон ба сафҳои худ оғоз мекунанд».

«Муттаҳидшавии ифротгароёни динӣ бо ҷинояткорон ба омехтаи мудҳише табдил меёбад ва натиҷаи ин иттиҳодро мо ҳафтаи гузашта дар Бишкек шоҳид будем, ки хадамоти махсус як гурӯҳ намояндагони созмони террористиро аз байн бурданд ва миёни онҳо аъзои гурӯҳи муташаккили таҳти сарпарастии Давлати исломӣ қарордошта низ ҳузур доштанд», – иброз доштааст Сариев.

Ба андешаи нахуствазири Қирғизистон, дар зиндони ҷудогона нигоҳ доштани маҳкумшудагон барои ифротгароии динӣ имкон медиҳад, ки ба гаравидани дигар маҳбусони зиндон ба тундгароӣ роҳ дода нашавад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони макомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи ҷануби Қирғизистон, ки дар ин ҷо ҳодисахои бештари ҷалби шаҳрвандон ба сафи тундгароёни исломӣ дар Сурияву Ироқ ба қайд гирифта шудааст, барвақт дар бораи ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон ба ифротгароии динӣ аз дигар маҳбсуонро масъалагузорӣ карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.