Кумитаи андоз барҳам додани «Нотабене»-ро дархост дорад

Нигина Баҳриева, роҳбари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» ва ҳомии ҳуқуқи маъруф изҳор дошт, ки Кумитаи андоз аз суд дархост намудааст, ки созмон барҳам дода шавад ва ин дархост ба он хотир сурат гирифтааст, ки созмон зимни сабт аз «нуқсонҳо дар қонунгузорӣ» истифода кардааст. Ба гуфтаи ӯ мушкили танзими фаъолияти фондҳои ҷамъиятӣ зоҳирнашаванда буд, вале солҳои ахир […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Нигина Баҳриева, роҳбари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» ва ҳомии ҳуқуқи маъруф изҳор дошт, ки Кумитаи андоз аз суд дархост намудааст, ки созмон барҳам дода шавад ва ин дархост ба он хотир сурат гирифтааст, ки созмон зимни сабт аз «нуқсонҳо дар қонунгузорӣ» истифода кардааст.

Ба гуфтаи ӯ мушкили танзими фаъолияти фондҳои ҷамъиятӣ зоҳирнашаванда буд, вале солҳои ахир ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Ба қавли ҳомии ҳуқуқ, айни замон Вазорати адлия ташкилотҳои ғайридавлатиро ба қайд мегирад ва Кумитаи андоз фондҳои ҷамъиятиро дар доираи равзани ягона сабт мекунад.

«Яқинан ин барои он ба вуҷуд омадааст, ки соли 2007 вуҷуд доштани чун н навъи шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратиро фаромӯш кардаанд. Акнун масъалае пайдо шудааст, ки бо мо – фондҳои ҷамъиятӣ чӣ кунанд. Кумитаи андоз бақайдгирии фондҳои ҷамъиятиро рад карда, моро барои сабт ба Вазорати адлия мефиристад, аммо Вазорати адлия бо ишора ба қонун зикр мекунад, ки мо ба ин ҳеҷ муносибате надорем ва дурст ҳам ҳаст, чунки фондҳои ҷамъиятӣ таҳти қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ қарор надоранд. Ҳамин тариқ, мо дар бунбасти истифодаи қонунгузорӣ мондаем», – гуфт Баҳриева.

Зимнан зикр гардид, ки ташкилотҳо намехоҳанд ба сифати созмони ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шаванд ва сабт ҳамчун фонди ҷамъиятиро афзалтар медонанд, ки тибқи Кодекси гражданӣ иҷозат дода шудааст. Баҳриев изҳор дошт, ки рад шудани бақайдгирӣ аз ҷониби Кумитаи андоз ғайриқонунӣ аст.

«Аз суд дархост кардаанд, ки ташкилоти ман барҳам дода шавад. Асос он аст, ки  ан аз нуқсонҳо дар қонунгузорӣ истифода бурда, ба ҷойи дар Вазорати адлияи сабти ном шудан, ин корро дар Кумитаи андоз кардаам. Ин масъала бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ҳал шавад», – афзуд роҳбари «Нотабене».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.